4 Август 2021 - 12:01
Вокуниши Cафорати Эрон дар Лондон ба хабарсозиҳо дар қазияи киштиҳо дар халиҷи Форс

Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Лондон эълом кард, гумроҳ кардани афкори умумӣ барои дастоварди дипломатӣ дар Ню-Йорк, бозии мунсифонае нест.

ABNA24 : Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Лондон дар пайи гузоришҳои мунташиршуда дар бархе расонаҳо, дар хусуси бурузи ҳаводиси амниятӣ барои киштиҳо дар минтақаи халиҷи Форс ва дарёи Уммон, дар сафҳаи Твиттераш эълом кард: Бар асоси иртибототи мустақими мо дар минтақаи халиҷи Форс, то кунун ҳеч иттилооте дар бораи ҳаводиси ҷадид барои ҳеч киштии тиҷорӣ дар минтақа таъйид нашудааст.

Ин сафоратхона меафзояд: Гумроҳ кардани афкори умумӣ дар саросари ҷаҳон барои дастоварди дипломатӣ дар Ню-Йорк, бозии мунсифонае нест.

342/